Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боку дар бораи боз як талафоти ҷонӣ дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳистонӣ хабар дод. 5 апрел Озарбойҷон хабар дод, ки дар даргириҳои шабона як нафари дигар кушта шудааст ва ба ҳамин тартиб талафоти ҷонии ин кишвар ба 16 нафар расидааст.

Ҷудоихоҳони Қарабоғ, ки аз сӯи Арманистон ҳимоят мешаванд, гузориш додаанд, ки аз 2 апрел то ҳол дар даргириҳо 18 нафарро талаф додаанд. 5 апрел ҳар ду ҷониб якдигарро дар ташдиди вазъият муттаҳам карданд.

Халаф Халафов-муовини вазири корҳои хориҷаи Озарбойҷон дар мулоқоти минтақаӣ дар Боку гуфт: “Ҳамаи масъулият барои рӯйдодҳои пешомада бар дӯши Арманистон аст, ки намехоҳад муноқиша ҳал шавад ва қонунҳои байналмиллалиро поймол мекунад”.

Интизор меравад, ки 5 апрел дар Вена фиристодаҳои Русияву Амрико ва Фаронса масъалаҳои миёнравии муштарак дар ин муноқишаро баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG