Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар бархе аз кишварҳо баъд аз расонаӣ шудани ҳуҷҷатҳои махфӣ дар бораи ширкатҳои офшорӣ ва нафарони марбут ба онҳо, ки дар миёнашон сиёсатмадорони феълӣ ва собиқи ҷаҳонӣ ҳастанд, тафтишот барои ошкор кардани мавридҳои сӯйистифодаи молӣ шурӯъ шудааст.

Аз ҷумла чунин тафтишот дар Голландия, Австрия, Австралия, Британия ва ИМА оғоз шуд. Пештар 11 миллион ҳуҷҷатҳои як ширкати адлияи Панама дастраси умум шуданд. Ин ширкат ба муштариёнаш барои “пулшӯӣ”, панаҳ бурдан аз таҳримҳо ва сарпечӣ аз пардохти андозҳо кӯмак мекард.

Дар ин ҳуҷҷатҳо дар бораи 12 раҳбарӣ феълӣ ва собиқи кишварҳо ва дастикам 60 нафари марбут ба раҳбарони ҷаҳонӣ маълумот дода мешавад. Дар миёни онҳо нахуствазири феълии Исландия Сигмюндюр Гюннлёгссон низ ҳаст, ки гуфта мешавад соҳиби сармояҳои махфӣ будааст. Дар як рӯзи баъд аз нашри ин маълумот қариб 16 ҳазор сокини Исландия зери талаби истеъфои нахуствазир имзо гузоштанд.

Бештаре аз матлабҳо ба Русия бахшида шудааст. Аз ҷумла, иддао шудааст, ки нафарони наздик ба президент Владимир Путин тавассути бонки “Русия” ва ширкатҳои офшорӣ беш аз 2 миллиард долларо “шустаанд”. Дар Кремл гуфтанд, ки ба ном “ҳуҷҷатҳои панамагӣ” ба “сару садоҳо асос ёфтаанд” ва ҳадафи онҳо Владимир Путин дар робита ба интихоботи ояндаи Русия аст.

XS
SM
MD
LG