Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осоишгоҳҳои Ӯзбекистон моли Қирғизистон мешаванд


Осоишгоҳҳои Ӯзбекистон дар вилояти Иссиқ-кӯли Қирғизистон - "Роҳат", "Дилором", "Регҳои тиллоӣ" ва "Бустон" ба ихтиёри Қирғизистон мегузаранд. Дар ин бора маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

Темир Сариев, сарвазири Қирғизистон дар ин робита қарореро қабул кардааст.

Ӯзбекистон ин осоишгоҳҳоро дар соли 2010 ба иҷора гирифта буд. Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ҷониби Ӯзбекистон тариқи роҳҳои дипломатӣ аз ин қарори ҳукумати Қирғизистон дар рӯзҳои наздик огоҳ карда мешавад.

Дар вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Ботканди Қирғизистон низ чанд иншооти иҷтимоӣ дубора ба ихтиёри Қирғизистон даромад.

Тибқи қарори ҳукумати Қирғизистон, Ӯзбекистон бояд наздики 20 иншоотро, ки миёнашон обанбори Орто-Токой ҳам ҳаст, ба Қирғизистон баргардонад.

XS
SM
MD
LG