Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши 8 даста барои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал


Марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки 4 апрел шурӯъ шуд, то 9 апрел идома меёбад.

Марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки рӯзи 4 апрел дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, то рӯзи 9 апрел идома хоҳад кард. Мусобиқа бо ширкати ҳашт даста дар ду гурӯҳ баргузор шудааст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «ДИСИ Инвест», «Бонки миллӣ» (ҳарду аз Душанбе), «Эсхата» (Кӯлоб) ва «Сипар» (Хуҷанд), ба гурӯҳи «Б» «ДИСИ Инвест-2», «Соро компания» (ҳарду аз Душанбе), «Самандар» (Турсунзода) ва «Чортан» (Кӯлоб) дохиланд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Комрон Шодиев, мудири техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзи 5 апрел хабар дод. Ӯ афзуд, “дар сабқати гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ бо ҳам бозӣ мекунанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Баъдан ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии ҳалкунандаи ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 9 апрел баргузор мешавад, барои Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебаранд.”

Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии «Тоҷиикгосстандарт», ҷараён доранд.

Натоиҷи бозиҳои нахустин даври мусобиқа, ки рӯзи душанбеи 4 апрел баргузор шуданд, чунин аст:

«ДИСИ Инвест» – «Эсхата» - 9:1

«Бонки миллӣ» – «Сипар» - 4:0

«ДИСИ Инвест-2» – «Самандар» - 9:8

«Соро компания» – «Чортан» - 6:1

Тақвими бозиҳои минбаъдаи марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

5 апрел (сешанбе)

9:00 – «ДИСИ Инвест-2» – «Чортан»

10:00 – «Соро компания» – «Самандар»

11:00 – «ДИСИ Инвест» – «Сипар»

12:00 – «Эсхата» – «Бонки миллӣ»

Даври 3-юм

6 апрел (чоршанбе)

9:00 – «Сипар» – «Эсхата»

10:00 – «Бонки миллӣ» – «ДИСИ Инвест»

11:00 – «Чортан» – «Самандар»

12:00 – «Соро компания» – «ДИСИ Инвест-2»

Бозиҳои ниманиҳоӣ

8 апрел (ҷумъа)

9:00 – 1 «А» – 2 «Б»

10:00 – 1 «Б» – 2 «А»

Бозии ниҳоӣ

9 апрел (якшанбе)

11:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «Б» – Ғолиби 1 «Б»/2 «А»

XS
SM
MD
LG