Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар қаламрави Ироқ рӯзи 4 апрел тақрибан 25 кас кушта ва беш аз 60 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Яке аз ин ҳамлаҳо дар шаҳри бандарии Басра мунҷар ба ҳалокати панҷ нафар аз ҷароҳат бардоштани даҳ каси дигар гардид. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифт.

Ҳамлаи маргталабонаи дигар дар миёни шибҳанизомиёни шиа дар шаҳри Мошоҳдеҳ, воқеъ дар шимоли Бағдод, панҷ кушта бар ҷой гузошт. Дар шимоли Бағдод як маргталаб худро дар канори постгоҳи полис тарконд, ки дар натиҷа чаҳор кас ҷон бохтанд. Маргталаби чаҳорум худ ва як корманди полисро дар як тарабхонаи шаҳри Носирия мунфаҷир кардааст.

Мақомоти ироқӣ мегӯянд, мусаллаҳони гурӯҳи “Давдати исломӣ”, ки бар асари амалиёти Эътилофи байнулмилалӣ маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд, ҳарчӣ бештар маргталабҳоро барои худкӯшӣ дар издиҳоми мардум ва дар назди кормандони нерӯҳои амниятии Ироқ равона мекунанд.

XS
SM
MD
LG