Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизҳо 7 апрел ҳам истироҳат мекунанд


Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, 7 апрелро расман рӯзи истироҳат эълон кард. 7 апрел дар Қирғизистон чун Рӯзи инқилоби мардумӣ таҷлил мешавад – шаш сол пеш дар ин рӯз бар асари ошӯби мардумӣ режими раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев суқут кард. Ҳангоми эътирозҳо аз сӯи мақомоти амниятӣ тақрибан сад нафар кушта шуданд. Боқиев ва атрофиёнаш аз Қирғизистон фирор карданд.

Ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Қирғизистон, фармони Отамбоев дар бораи истироҳат эълон кардани Рӯзи инқилоби мардумӣ 4 апрел имзо шуд.

Бар пояи ин фармон рӯзҳои 17 март ва 24 март ҳам расман рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд. 17 марти соли 2002 дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар ноҳияи ҷанубии Аксӣ кормандони милиса чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. 24 марти соли 2005 бар асари “инқилоби лолагӣ” дар Қирғизистон нахустин президенти кишвар Аскар Оқоев сарнагун шуда буд.

XS
SM
MD
LG