Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зангина. Эрон нафти бештар тавлид мекунад


Бежан Номдор Зангина

Бежан Номдор Зангина

Эрон истихроҷи нафтро то он миқёсе, ки қабл аз таҳримҳои байнулмилалӣ дар робита ба барномаи ҳастаии кишвар тавлид мекард, афзоиш хоҳад дод. Дар ин бора вазири нафти Эрон Бежан Номдор Зангина дар арафаи нишасти кишварҳои содиркунандаи нафт хабар дод, ки қарор аст рӯзи 17 апрел дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар баргузор ва дар он мавзӯи кам кардани истихроҷи нафтро баррасӣ шавад.

Ба навиштаи расонаҳо, изҳороти Бежан Зангина - зарба ба созиш миёни Русия ва Арабистони Саъудӣ оид ба коҳиши истихроҷи нафт ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи коҳиши қимати нафт аст.

Бо вуҷуди ин изҳорот, хабаргузории эронии Меҳр аз қавли Бежан Зангина навиштааст, созиши Арабистони Саъудӣ ва Русия, ки моҳи январ ҳосил шудааст, қадами мусбат аст. Арабистони Саъудӣ узви ОПЕК - Созмони кишварҳои узви содиркунандаи нафт аст,Русия ба ин созмон шомил нест.

Дар робита ба эҳтимоли ширкаташ дар нишасти Доҳа Бежан Зангина гуфтааст, агар вақт пайдо кунад, ҳатман дар он ширкат мекунад.

XS
SM
MD
LG