Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юнон бар пояи тарҳи Иттиҳодияи Аврупо истирдоди нахустин гурӯҳи муҳоҷирон ба Туркияро шурӯъ кард. Ду киштии мусофирбари туркӣ бо 202 муҳоҷир рӯзи 4 апрел бандари шаҳри Лесбоси Юнонро тарк намуд. Дар ин бора ниҳоди марзбонии Иттиҳодияи Аврупо Frontex хабар дод, ки намояндаҳояш муҳоҷиронро то Туркия ҳамроҳӣ мекунанд.

Муҳоҷирон, ки охири соли гузашта ғайриқонунӣ вориди ҷазираҳои Лесбос ва Хиоси Юнон шуда буданд, рӯзи душанбе ба шаҳрии Дикилии вилояти Измир интиқол ёфтанд.

Ба ин васила татбиқи тарҳи бозгардони муҳоҷирони ғайриқонунӣ тавассути Туркия вориди Аврупо шуда ва иваз кардани онҳо ба паноҳандагон аз Сурия оғоз ёфт. Табдили муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо паноҳандагони воқеъӣ аз рӯи принсипи “як нафар ба ивази як нафар” сурат мегирад.

Муҳоҷирони истирдодшуда, ки асосан шаҳрвандони Покистон ва Бангладешанд, ба қисмати ғарбии Туркия фиристода мешаванд. Мақомоти расмии Туркия мегӯянд, ки тақрибан 500 нафарро қабул хоҳанд кард.

Бар пояи шартҳои созиш миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия, Анкара ҳама муҳоҷирону паноҳандагони ғайриқонунӣ аз тариқи Туркия ба Юнон рафта, аз ҷумла, суриягиҳоро бозпас мегардонад ва ва ба ивази ин Иттиҳодияи Аврупо ҳазор паноҳандаи воқеии суриягии муқими Туркияро қабул мекунад.

Созиш миёни Брюсселу Анкара мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар қарор гирифт. Аз ҷумла, Amnesty International ё Афви Байнулмилал эълом дошт, ки Туркия моҳҳои ахир ҳазорон суриягиҳоро иҷборан ба ватанашон бозпас баргардонидааст ва кишвари бехатаре барои паноҳандагон нест.

XS
SM
MD
LG