Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

50 кушта дар обхезии Покистон


Обхезӣ дар Покистон дар тобистони соли гузашта

Обхезӣ дар Покистон дар тобистони соли гузашта

Бино ба маълумоти манобеъи расмии Покистон, бар асари боришоти шадид дар ин кишвар, ки обхезиро дар пай дошт, даҳҳо нафар ҷон бохтаанд. Обхезиҳо дар манотиқи шимолу ғарби кишвар, дар вилояти Хайбар-Пахтунхва ва водии Нили қисмати покистонии Кашмир рух додаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар натиҷаи ҳодисаи табиӣ 53 нафар кушта шуда ва ҳудуди 60 нафар барои кумак ба ниҳодҳои тандурустӣ муроҷиат кардаанд. Дар вилояти Хайбар-Пахтунхва ҳудуди 40 хона вайрон шудаанд.

Ҳамасола ба ҳангоми боришоти шадид дар Покистон обхезӣ ба амал омада ва деҳаҳои бисёре зери об мемонанд. Дар соли гузашта бар асари обхезӣ 81 нафар кушта шуда ва аз ин ҳаводиси табиӣ беш аз 300 ҳазор нафар осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG