Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии ҷудо дар Самсуни Туркия ноком шуданд.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии ҷудо, ки рӯзҳои 1-3 апрел дар шаҳри Самсуни Туркия баргузор шуд, боз ба нокомӣ дучор шуданд. Ин шашумин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷудочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Мусобиқа миёни мардону занон дар 7 вазн сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се гуштигири маъруфи кишвар - Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - намояндагӣ карданд.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 45 гуштигир буд, дар даври муқаддамотӣ аз Франк Де Вит аз Ҳолланд мағлуб гашт.

Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило (ҳамагӣ 28 гуштигир) нахустин қувваозмоияшро ба Витсензо Дарко аз Италия бохт.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни беш аз 100 кило (ҳамагӣ 23 гуштигир) дар даври аввал бар Мишел Ҳорак аз Ҷумҳурии Чех пирӯз шуд, вале дувумин қувваозмоияшро ба Давид Моура аз Бразилия бохт.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки 397 варзишгар (236 мард ва 161 зан) аз 67 кишвари ҷаҳон ширкат дошт, ҷудочиён, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳо ба даст оварданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо панҷ медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо ду медали тилло ва як медали нуқра дувум шуд. Мунтахаби Туркия бо як медали тилло, ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG