Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Эрон ба даргирӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ


Эрон ба афтодани се гулӯла аз маҳалли даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба яке аз деҳаҳои наздимарзии худ вокуниш нишон додааст. Дар баёнияи расмии давлати Эрон таъкид шудааст, дар сурати такрори ин амал Эрон посухи ҷиддӣ хоҳад дод.

Бино ба иттилои хабаргузории "Форс", рӯзи 2 апрел се гулӯлаи минемёт ба деҳае дар ноҳияи Худофарини вилояти Озарбойҷони Шарқӣ, ки бо минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ҳаммарз аст, афтодааст. Дар мавриди талафоти ҷонӣ ва ҳистороти молӣ иттилое нест.

Нерӯҳои марзбони Эрон ҷонибҳои Арманистону Озарбойҷонро аз ин ҳодиса огоҳ кардаанд. Ин ду кишвар гуфтаанд, ки ин амал такрор нахоҳад шуд.

Рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар минтақаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳӣ миёни неруҳои Озарбойҷону Арманистон даргирии шадид шурӯъ шуд. Низомиёни Арманистон нерӯҳои Озарбойҷонро муттаҳам кардаанд, ки онҳо бо ҳимояти тонку тӯпхона ва чархболҳои ҷангӣ ҳамларо оғоз кардаанд.

Аз оғози ин даргириҳо дар бомдоди 2 апрел то ҳол аз ҷониби Озарбойҷон 12 низомӣ ва аз ҷониби Арманистон 18 низомӣ ва 2 ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG