Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёқубҷон Назиров, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар Ҷоми ҷудои Аврупо дар Твери Русия медали тилло ба даст овард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони то 18-сола (солҳои таваллудашон 1999-2001), ки рӯзҳои 2-3 апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.

Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди ду пирӯзӣ бар Владимир Сечин ва Манаф Набиев (ҳарду аз Русия), дар даври ниманиҳоӣ боз як гуштигири русиягӣ Назар Меншиковро шикаст дод ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ёқубҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ Иван Дубинаро аз Беларус мағлуб кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 9 варзишгар, ҳама писарон, шомил буданд.

Дар байни онҳо боз ду нафари дигар натиҷаҳои хубтар нишон доданд. Темур Маҳмадов дар вазни зери 81 кило ҷойи панҷум ва Шамоили Ҷаҳонгир дар вазни зери 73 кило ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.

Дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон дар Твери Русия 274 варзишгар (172 писар ва 102 духтар) аз 14 кишвар (10 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок дошт.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 50 медал (14 тило, 10 нуқра ва 26 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Қазоқистон (1-3-3) ҷойи дувумро гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тило, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар байни 14 кишвар ҷойи 3-юмро азони худ кард.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасони то 18-сола, ки рӯзҳои 5-6 марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуда буд, соҳиби як медали тилло гардидааст. Ин медалро ҳам Ёқубҷон Назиров ба даст овардааст. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди чор пирӯзӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон мағлуб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд.

XS
SM
MD
LG