Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон оташбасро "найранги тактикӣ" номид


3 апрел рӯзи дуввуми даргириҳои шадид миёни нируҳои мусаллаҳи Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи баҳсбарангези Қарабоғи Кӯҳистонӣ идома кард. Ин минтақа дар дохили қаламрави Озарбойҷон аст, вале аз ду даҳсола ба ин сӯ контроли он дар ихтиёри Арманистон гузаштааст.

Нируҳои ҷудоихоҳ мегӯянд, ки онҳо ҳамлаи муттақобиларо оғоз кардаанд ва минтақаҳои аз дастрафтаро дубора ба ихтиёри худ даровардаанд. 2 апрел дар ҷараёни даргириҳо ин минтақаҳоро нируҳои Озарбойҷон гирифта буданд.

Даргириҳои рӯзи 3 апрелро низ шадид арзёбӣ мекунанд. Ин даргириҳо дар қисмати шимоли шарқи минтақа дар имтидоди «хати тамос»-и Арманистону Озарбойҷон, ки бо Эрон ҳаммарз аст, идома ёфтааст. Ҷудоихоҳон гуфтаанд, ки ҷангандаҳои ҷуддоихоҳ нируҳои Озарбойҷонро аз минтақаҳои «муҳими тактикӣ» дар шимоли рустои Толиш ақиб задаанд.

Низомиёни Озарбойҷон ин иддаоро рад кардаанд ва мегӯянд, ки талошҳои Арманистон барои дубора ба дастовардани минтақаҳое, ки 2 апрел аз даст дода буд, бо нокомӣ анҷом ёфтааст.

Аз оғози ин даргириҳо дар бомдоди 2 апрел то ҳол аз ҷониби Озарбойҷон 12 низомӣ ва аз ҷониби Арманистон 18 низомӣ ва 2 ғайринизомӣ ба қатл расидаанд.

Ереван оташбаси якҷонибаи эълонкардаи Бокуро «найранги иттилоъотӣ» номид. Давид Бобоён-сухангӯи раҳбарои арманиҳои Қарабоғи Кӯҳистонӣ низ аз ин оташбас интиқод кард ва гуфт, ки нируҳои Озарбойҷон ба амалиёти низомӣ идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG