Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози коргарони сохтмони метрои Маскав


Дар Маскав коргарони сохтмони метро тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Онҳо шикоят мекунанд, ки аз 5 моҳ ба ин сӯ дастмузди худро нагирифтаанд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд.

Коргарони ширкати "Ингеоком", ки корҳои сохтмониро анҷом медиҳанд, дар назди бинои ширкати мазкур гирдиҳам омаданд. Огнҳоро барои ворид шудан ба бино иҷоза надоданд.

Ренат Каримов-раиси имттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзҳои муҳоҷирон бо раҳбари ширкат мулоқот ва ин масъаларо бо онҳо дар миён гузоштааст. Раҳбарони ширкат гуфтаанд, ки сабаби пардохт нашудани дастмузди 5 моҳаи коргарон камбуди пул будааст.

Каримов гуфтааст, дар бораи ин моҷароҳои корӣ бо раҳбарони ширкат музокира анҷом медиҳанд ва коргарон замоне ба кор хоҳанд баромад, ки агар ширкат дастмузди онҳоро пурра пардохт кунад.

Каримҷон Ёров- яке аз фаъолони ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни эътирозгарон муҳоҷирони кории тоҷик низ ҳастанд. Ба гуфтаи вай, сохтмони метрои Маскав яке аз сохтмонҳои стратегӣ ба шумор меравад. То 2-3 соли охир дар он ҷо муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Миёнаро ба кор намегирифтанд. Вале акнун онҳо дар сохтмони метро низ кор мекунанд. Вай гуфт, чун ин сохтмон дар зери назорати сахти шаҳрдории Маскав қарор дорад, аз эҳтимол дур нест, ки муҳоҷирон ба зудӣ дастмуздашонро бигиранд.

XS
SM
MD
LG