Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нурсултон Назарбоев аз Куба боздид мекунад


Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Куба боздиди расмӣ анҷом медиҳад. Вай дар чаҳорчӯбаи ин боздид бо Раул Кастро-раиси Шӯрои Давлатӣ ва раиси Шӯрои Вазирони Куба дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҳар ду ҷониб таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, барқарор кардани тамосҳо дар бахшҳои маорифу фарҳанг, варзиш ва кишоварзиробаррасӣ кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон хабар додааст.

Назарбюоев ва Раул Кастро дар бораи ҳамкориҳо бахшҳои тандурустӣ, дорусозӣ ва биотехнология сӯҳбат кардаанд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар ин бахшҳо коршиносонро ба кишварҳои якдигар даъват мекунанд.

XS
SM
MD
LG