Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири пешинро ба зиндон бурданд


Серик Ахметов
Серик Ахметов

Серик Ахметов-нахуствазири пешини Қазоқистон, ки барои ришвахорӣ маҳкум ба зиндон шудааст, мӯҳлати ҳабси худро дар зиндони ислоҳоти меҳнатии шаҳраки Карабаси ноҳияи Абайсипарӣ мекунад.

Дар ин бора яке аз вакилони мудофеи нахуствазири пешин ба матбуот хабар додааст. Ин шаҳрак дар 40 километрии шаҳри Қарағанда ҷой гирифтааст.

Моҳи декабри соли 2015 яке аз додгоҳҳои вилояти Қарағанда эълон кард, ки Ахметов дар ришвахорӣ ва моли худ кардани моликияти ғайр муттаҳам дониста мешавад ва тибқи қонун даҳ сол равонаи зиндон мешавад.

Тибқи ҳукми зиндон ҳамчунин дороии вай мусодира мегардад ва баъд аз хатми мӯҳлати зиндон наметавонад 5 сол дар сохторҳои давлативу ҳукумаатӣ кор кунад.

14 марти соли ҷорӣ додгоҳи таҷдиди назар мӯҳлати зиндони вайро аз 10 сол ба 8 сол поин овард. Вай иттиҳомти воридаро қисман эътироф ва изҳори пушаймонӣ кардааст.

Ахметов дар гузаштадар мақомҳои вазири дифои Қазоқистон, нахуствазири Қазоқистон, муовини аввали нахуствазир ва раиси вилояти Қарағанда кор кардааст.

XS
SM
MD
LG