Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯҳпоязода: Ҳамкорони Занҷонӣ пулҳоро пас намедиҳанд


Бобаки Занҷонӣ

Бобаки Занҷонӣ

Расул Кӯҳпоязода-вакили мудофеи Бобаки Занҷонӣ-сармоядори зиндонии Эрон мегӯяд, дар бораи пардохти қарзҳои вай ба ширкати миллии нафти Эрон то ҳол тағироте пеш наомадааст.

Ба гуфтаи вай, «амонатдорон»-и дороиҳои Занҷонӣ дар хориҷ аз кишвар пас аз дарёфти хабар дар бораи ҳукми эъдоми Занҷонӣ дар фикри баргардонидани пулҳои ин сармоядор нестанд.

Бино ба гузориши хабаргузории Форс, Кӯҳпоязода 2 апрел гуфтааси, ки «баъзе ҳамкорону амонатдорон»-и Бобаки Занҷонӣ, ки дар хориҷ аз Эрон пулҳову дороиҳои вайро дар ихтиёр доштанд, пас аз шунидани ҳукми додгоҳ «ба тамаъ афтодаанд ва ҳамин боис шудааст, ки фиристодани пулҳо ба кундӣ пеш биравад».

Вакили мудофеъ бидуни ишора ба ҷузъиёт таъкид кард: «баъзеҳо дӯст доранд, ки Бобаки Занҷонӣ ҳеҷ вақт аз вазъияти кунунӣ раҳоӣ пайдо накунад» ва ба ҳамин далел барои пардохти қарзҳои вай ҳамкорӣ намекунанд.

Вакили мудофеи Занҷонӣ гуфт, агар додгоҳи Олии Эрон ҳукми зерҳимояашро тағир диҳад, «замина барои ҷавлони фурсатталабон аз байн меравад».

XS
SM
MD
LG