Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз, 3 апрел, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» баргузор мешавад.

Бозӣ барои Cуперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2016 имрӯз, 3 апрел, дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015 ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, соати 14:00 шурӯъ мешавад. Тамошои ин бозӣ барои мухлисон дар варзишгоҳ ройгон аст.

Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак, ёваронаш Акмал Бӯриев аз шаҳри Турсунзода ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе, довари эҳтиётӣ Беҳрӯз Муртазоев аз Душанбе таъин шудаанд.

Сардори департаменти футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев нозири доварон ва мудири иҷроияи ФФТ Шавкат Аҳмадов комиссари бозӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ҳафтум барпо мегардад. Ҳамагӣ панҷ даста дар бозиҳо барои Суперҷом ширкат кардааст. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии Ҷоми олист. «Истиқлол» панҷ бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд” аввалин бор дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон 5 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рақобат карда буд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон:

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) -

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG