Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо дар бораи даргириҳои Озарбойҷону Арманистон


2 апрел, Қарабоғи Кӯҳистонӣ
2 апрел, Қарабоғи Кӯҳистонӣ

Аз минтақаи баҳсбарангези Қарбоғи Кӯҳистонӣ дар бораи ҷангҳои шадид гузориш мерасад. Низомиёни Арманистон нируҳои Озарбойҷонро муттҳам кардаанд, ки онҳо бо ҳимояти тонку тӯпхона ва чархболҳои ҷангӣ ҳамларо оғоз кардаанд.

Аммо низомиёни Озарбойҷон мегӯянд, ки шабона нируҳои хатти пеши ҷабҳаи онҳо аввал ҳадафи ҳамлаи шадид қарор гирифтаанд ва ба дунболи он ҷониби Озарбойҷон ба ин оташ ҷавоб додааст.

Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар дохили қаламрави Озарбойҷон қарор дорад, вале он дар контроли арманитаборҳо мебошад.

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки 12 нафар сарбозони онҳо дар ҷангҳо бо нируҳои Арманистон кушта шудаанд. Ин вазорат эътироф кардааст, ки як чархболи Озарбойҷон сарнагун ва як тонки онҳо дар мина таркидааст.

Ин вазорат иддао мекунад, ки нируҳо «як баландии стротегӣ ва маҳаллоти зистро дар минтақа ба тасарруфи худ даровардаанд». Вазорат дар эъломияи худ гуфтааст, ки 6 тонки Арманистонро хароб кардаанд ва бештар аз 100 нафар низомиёни Арманистон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳукумати Арманистон иддаои Озарбойҷонро дар бораи захмиҳо ва кушташудагон рад кард, вале нахост ин рақамҳоро ифшо кунад.

XS
SM
MD
LG