Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраҳои омӯзишӣ барои имомҳои масоҷиди Қирғизистон


Дар вилояти Ӯш дар ҷануби Қирғизистон барои имомҳои масҷидҳо давраҳои вижаи омӯзишӣ баргузор мекунанд. Ин давраҳои омӯзишӣ ба мазҳаби ҳанафӣ ва хунсо кардани даъватҳои тундгароёна ихтисос дорад.

Дар ин бора Медер Абдиманапов – намояндаи Бунёди рушди фарҳанги маънавӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҳадафи ин давраҳои омӯзишӣ пешгирӣ аз даъватҳои тундгароёна дар мавъизаҳо ва пешгирӣ аз тавзеҳоти нодурусти имомҳои масҷидҳо мебошад.

Абдиманапов гуфт, дар миёни кормандони масҷидҳо касоне кам нестанд, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва Мисру Покистон таҳсил кардаанд ва таълимоти мазҳабии онҳо ба равияи ҳанафӣ ҳамхонӣ надорад.

Вай гуфт, дар асл миёни имомҳо ихтилоф вуҷуд дорад, зеро онҳо дар кишварҳои мухталиф таълими исломӣ гирифтаанд ва дар баъзе аз ин кишварҳо равияҳои мазҳабӣ аз ҳам фарқ дорад.

Ин давраҳои омӯзишӣ ду ҳафта давом мекунад. Интизор меравад, ки барои санҷиши дониши имомҳо имтиҳон барпо кунанд ва ононе, ки аз имтиҳон мегузаранд, дар оянда 5 ҳазор сум (тақрибан 73 доллар) дастмузд хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG