Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати телефонии Лавров бо Ҷон Керрӣ дар бораи Сурия


Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар сӯҳбати телефонии рӯзи 1 апрел ба Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ки тундравҳо ҳанӯз аз қаламрави Туркия ба хоки Сурия мегузаранд. Дар ин бора як мақоми вазорати хориҷаи Русия хабар додааст.

Ин манбаъ гуфт: “Лавров бори дигар таваҷҷуҳро ба масъалаи марзи миёни Туркияву Сурия ҷалб кард, ки то ҳол бино ба маълумоти мо, гузаргоҳҳо вуҷуд дорад ва ин гузаргоҳҳо барои бурдани тундравҳо ба он сӯи марз ба таври фаъол истифода мешаванд”.

Лавров моҳи гузашта иҷрои комили қатъномаи СММ-ро хоста буд. Дар он қатъи тиҷорати нафт бо гурӯҳҳои тундрави Давлати Исломӣ ва хотима додан ба “убуру мурури террористҳо” ба Сурия аз қаламрави Туркия ва кишварҳои дигар матраҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG