Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гузоришҳо дар бораи ҷангҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ


Аз минтақаи баҳсбарангези Қарбоғи Кӯҳистонӣ дар бораи ҷангҳои шадид гузориш мерасад. Низомиёни Арманистон нируҳои Озарбойҷонро муттҳам кардаанд, ки онҳо бо ҳимояти тонку тӯпхона ва чархболҳои ҷангӣ ҳамларо оғоз кардаанд.

Аммо низомиёни Озарбойҷон мегӯянд, ки шабона нируҳои хатти пеши ҷабҳаи онҳо аввал ҳадафи ҳамлаи шадид қарор гирифтаанд ва ба дунболи он ҷониби Озарбойҷон ба ин оташ ҷавоб додааст.

Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар дохили қаламрави Озарбойҷон қарор дорад, вале он дар контроли арманитаборҳо мебошад. Вазорати дифои Арманистон мегӯяд, ки “ҳар ду ҷониб дар ин даргириҳо талафоти ҷонӣ додаанд” ва ҷанг ҳамоно идома дорад.

Ин вазорат даргириҳои кунуниро баъд аз даргириҳои соли 1994 сахттарин даргириҳо арзёбӣ кардааст. Баъд аз соли 1994 Амрикову Русия ва Фаронса ҷонибҳоро ба оташбас даъват карда буданд ва талош карда буданд, ки дар ин оташбас миёнҷигарӣ кунанд.

Вазорати дифои Қарабоғ мегӯяд, ки дар тамоми имтидоди хати муноқиша даргириҳо шадид аст ва онҳо як чархболи низомии Озарбойҷонро задаанд. Вале ин хабарро манобеи мустақил таъйид накардаанд.

XS
SM
MD
LG