Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзҳои 25-26 апрел аз Маскав боздид мекунад. Хабаргузориҳо аз қавли Сергей Сторчаг-муовини вазири молияи Русия гузориш медиҳанд, ки яке аз мавзӯъҳои мавриди баррасии ҷонибҳо дар ҷараёни ин боздид дар ихтиёри Узбакистон гузоштани таҷҳизоти низомӣ ба артиши Узбакистон мебошад.

Сторчаг гуфтааст, барои нав кардани аслиҳаву таҷҳизоти нируҳои мусаллаҳи Узбакистон тавофуқоти пешакӣ ба даст омадааст. Вай дар ҷаласаи кумитаи байналмиллалии Шӯрои Федератсия гуфт, ин яке аз мавзӯъҳои эҳтимолии музокироти Каримов дар Маскав хоҳад буд.

Рӯзи ҷумъа Думаи давлатии Русия қарордод дар бораи ботил кардани тақрибан 865 миллион доллари Узбакистонро ба тасвиб расонд. Аз ин қарордод ҳамчунин Кумитаи байналмиллалии Шӯрои Федератсия ҷонибдорӣ кард.

Бино ба маълумоти вазорати молияи Русия то 1 ноябри соли 2014 қарзи Узбакистон аз Русия 890 миллион долларро ташкил медод. Соли 1998 Узбакистон ин қарзи худ аз Русияро эътироф накард, балки даъво кард, ки Русия аз Узбакистон қарздор аст ва бояд 2 миллиард доллар ҳақи Узбакистонро аз “Алмазный фонд СССР” бидиҳад.

Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки ҳар ду ҷониб дар бораи қарзҳои якдигар ба созиш расидаанд.

XS
SM
MD
LG