Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори таъмини бештари ҳифзи маводи ҳастаӣ шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки барои таъмини амнияти таъсисоти осебпазири ҳастаӣ корҳои бештаре анҷом диҳанд, тоаз дастрасии “мардони девона”-и Далати Исломӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ ва “бами касиф” пешгирӣ шавад.

Обама ин нукотро дар поёни мулоқоти дурӯзаи амнияти ҳастаии раҳбарони кишварҳо изҳор дошт. Обама мизбонии чаҳорумин ва охирин мулоқоти раҳбарони 50 кишварро бар ӯҳда дошт. Ин мулоқот ба ҳифзи маводи ҳастаӣ дар баробари терроризми ҳастаӣ иртибот дошт. Терроризми ҳастаиро Обама яке аз “таҳдидҳои бузурги амнияти ҷаҳонӣ” дар қарни 21 ном бурд.

Обама изҳор дошт, ки ҳеҷ гурӯҳе натавонистааст ба мавод барои сохтани бамҳои ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунад, вале ал Қоида аз муддатҳо барои он талош мекард.

Раиси ҷумҳури Амрико ёдоварӣ кард, ки тундравҳои Далати Исломӣ дар паси ҳамлаҳои ахири Порис ва Бруссел қарор доштанд ва ҳамин гуна нигаронӣ пеш омада буд.

Дар миёни раҳбарони ҷаҳон раҳбари Русия ширкат надошт, чун барои рафтораш дар Украина ва масоили дигар муносиботаш бо Ғарб тира шудааст.

XS
SM
MD
LG