Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарони даҳҳо кишварҳои олам дар саммити амнияти ҳастаӣ дар Вошингтон ҷамъ омаданд. Дар ин нишаст, ки рӯзи 1 апрел ифтитоҳ шуд, Русия ҳузур надорад ва ин тасмими Маскав бо сард шудани робитаи Маскаву НАТО пас аз низои мусаллаҳона дар шарқи Украина ва илҳоқи нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия рабт дода мешавад.

Дар саммити Вошингтон, аз ҷумла, мавзӯи барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва таҳдидҳо аз сӯи ин кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Бен Родс, муовини мушовири раисиҷумҳури ИМА дар умури амнияти миллӣ изҳор намуд, ки дар меҳвари нишаст – мавзӯи ҷилавгирӣ аз дастрасии гурӯҳҳои террористӣ ба маводи ҳастаӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз саммити аввал, ки шаш сол пеш дар Вошингтон баргузор шуда буд, чораҳои шадиде барои таъмини амнияти маводи ҳастаӣ андешида шуданд.

Родс ҳамчунин гуфт, ки Русия бо сарпечӣ аз ширкат дар нишасти амнияти ҳастаӣ худро дар инзивоъ қарор дод.

XS
SM
MD
LG