Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори хабарнигор Тсиликин дар Петербург


Дмитрий Тсиликин
Дмитрий Тсиликин

Аз шаҳри Санкт-Петербург дар бораи куштори хабарнигори мустақил Дмитрий Тсиликин иттилоъ расид. Ба иттилои «Фонтанка.ру», ҷасади хабарнигор бо изи зарбаҳои корд дар манзилаш рӯзи 1 апрел пайдо шуд. Аз ин пеш пайвандони Дмитрий Тсиликин аз он бонги изтироб заданд, ки ӯ аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ, баъди бозгашт аз сафари корӣ ба Рига, бо онҳо тамос нагирифтааст.

Ба иттилои полис, Дмитрий Тсиликин ду рӯз пеш бар асари талафи хунаш аз олам даргузаштааст. Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи банди “Куштор” парванда боз кард. Ба иттилои ин ниҳод, аз манзили хабарнигор телефони мобил ва ноутбук рабуда шудааст.

Дмитрий Тсиликин – мунаққиди мусиқӣ ва балет баъд аз кор аз расонаҳои демократӣ маъруф шуд. Ӯ тайи 12 сол корманди рӯзномаи “Час пик” буд ва матлабҳояш дар нашрияҳои зиёде, аз ҷумла, “Петербургский театральный журнал”, Vogue, Elle, “Город”; “Коммерсант”, “Московские новости”, “Время новостей”, “Ведомости” чоп мешуданд.

Ӯ муаллифи китобҳои “Суолҳои аз камар поён” ва “Номаҳои одами нимзинда”, барандаи ҷоизаи махсуси озмуни “Қалами тиллоӣ-2001” буд.

XS
SM
MD
LG