Пайвандҳои дастрасӣ

Давраи омӯзишии зиддидопингӣ дар шаҳри Душанбе


Дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишии зиддидопингӣ шурӯъ шуд, ки то 3 апрел идома хоҳад кард.

Давраи омӯзишии зиддидопингӣ аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ, ки дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 31 март шурӯъ шуд, то 3 апрел идома хоҳад кард.

Дар рӯзи аввали машғулиятҳои назариявӣ 30 нафар роҳбарону намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ ва кормандони КМО Тоҷикистон ширкат карданд.

Давраи омӯзиширо дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ифтитоҳ кард ва ба ширкаткунандагони машғулиятҳо барори кор орзу намуд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли КМО ва раҳбари Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон, рӯзи 1 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ, пеш аз ҳама, такмили дониши ширкаткунандагон, ошно кардани онҳо бо Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ ва Рӯйхати маводи мамнӯи тавонбахш барои варзишгарон мебошад.

Дар ин чорабинӣ Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва президенти Федератсияи варзиши сабуки кишвар, дар мавзӯи "Допинг дар варзиш” маърӯза кард. Ӯ гуфт, “бар асоси Кодекси байналмилалии зиддидопингӣ варзишгар бояд оиди он маълумот дошта бошад, ки кадом ҳолат вайронкунии қоидаи зиддидопингист. Вай вазифадор аст ҳамаи принсипҳо ва қоидаҳои зиддидопингиро риоя кунад. Варзишгар набояд маводҳои барояш манъшударо истеъмол намояд.”

Инчунин, ширкаткунандагони давраи омӯзишӣ маърӯзаи раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифовро дар мавзӯи "Допинг ва инъикоси он дар васоити ахбори омма” шуниданд. Ӯ иброз дошт, ки барои допинг ду варзишгари Тоҷикистон – Хуршед Бекназаров, узви мунтахаби ҷавонони футболи кишвар ва Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озод, аз ҷониби Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) муҷозот шудаанд, ки ин ҳаводиси нохуш расонаӣ шуда буданд.

Ёдовар мешавем, Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) моҳи ноябри соли 2014 Хуршед Бекназарови 20-сола, узви тими миллии ҷавонони Тоҷикистонро барои ду сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум кард. Ин ниҳод гуфтааст, ки Бекназаров дар мусобиқоти футболи Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи ҷанубӣ аз допинг истифода кардааст. Ба гуфтаи ин кумита, дар натиҷаи ташхис маълум шудааст, ки Хуршед Бекназаров доруи тавонбахши “метилҳексанамин” хӯрдааст. Ин мавод дар феҳрасти доруҳои мамнӯъест, ки Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) таҳия кардааст.

Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар Зелимхон Юсуповро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кардааст. Ташхиси пешоби Зелимхон Юсупов, ки моҳи майи соли 2015, баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 70 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё анҷом шуд, дар бадани ин гуштигири 31-сола вуҷуди “диметилбутиламин” ном як доруи тавонбахши мамнӯъро нишон додааст.

XS
SM
MD
LG