Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории Русия аз ширкат дар ҳамоиши Вашингтон


Дар ҳошияи ҳамоиш дидори сеҷонибаи сарони Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд
Дар ҳошияи ҳамоиш дидори сеҷонибаи сарони Амрико, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд

Раҳбарон ва ҳайатҳои расмии даҳҳои кишварҳои ҷаҳон ба манзури ширкат дар ҳамоиши сатҳи олӣ дар масоили ҳастаӣ вориди Вашингтон шуданд. Ба далели сардии равобит бо кишварҳои Ғарб ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО Русия аз ширкат дар он худдорӣ кардааст. Ба дунболи ғасби Қрим тавассути Русия ва мудохилаи низомии он дар ҳаводиси Украинаи Шарқӣ равобити кишварҳои Ғарб бо Русия тира шуд.

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия, иллати ширкат накардани кишвараш дар ин ҳамоишро "ба набудани ҳамоҳангӣ дар баррасии пешакии масъалаҳои ҳамоиш" марбут хонд.

Дар назар аст, ширкаткунандагони ҳамоиш роҳҳои ҷилавгирӣ аз дастёбии созмону гурӯҳҳои тундрав ба маводи ҳастаӣ барои сохтани "бомбаи ифлос"-ро баррасӣ кунанд.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва хатари эҳтимолии он ба кишварҳои ҳамсоя матраҳ хоҳад шуд. Кореяи Шимолӣ борҳо дар мавриди озмоиши бомбаҳои ҳастаӣ ва мушакҳои дурбурд хабар дода буд.

Ҳамоиши сатҳи олӣ дар масоили ҳастаӣ аз соли 2010 бо ташаббуси Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар ҳар ду сол баргузор мешавад. Дар ду ҳамоиши қаблӣ нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ва дар нишасти ахирӣ вазири хориҷа Сергей Лавров ширкат карда буданд.

XS
SM
MD
LG