Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати Отамбоев бо Штайнмайер дар Бишкек


Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, ҳангоми дидораш бо Франк-Валтер Штайнмайер, вазири корҳои хориҷии Олмон ва раиси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Бишкек масоили таъмини амнияти митақа ва роҳҳои муқобала бо таҳдидҳои муосирро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, дар ин дидор ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, таҳкими минбаъдаи демократия ва озодии баён, интихоботи шаффофу боадолатона дар Қирғизистон низ баррасӣ шудааст.

Зимнан, Франк-Вальтер Штайнмайер дар ҷараёни дидораш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 30 март аз Узбакистон, дирӯз аз Қирғизистон дидор карда ва имрӯз, 1 апрел вориди Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG