Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақиби мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар марҳалаи плей-офф барои роҳ ёфтан ба сабқати гурӯҳии интихобии Ҷоми Осиё-2019 7 апрел маълум мешавад.

Аз рӯи натиҷагирии даври ниҳоии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дувоздаҳ дастае, ки барои роҳ ёфтан ба Ҷоми ҷаҳон-2018 мубориза мебаранд, маълум шудаанд. Дастаҳои мунтахаби Австралия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Тайланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Узбакистон, ки пешакӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфтанд, дар даври севуми сабқати интихобӣ барои 4,5 роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2018 мубориза мебаранд.

Дар ин марҳала дастаҳо ба ду гурӯҳи шашдастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар Русия роҳхат мегиранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро ишғол мекунанд, бо ҳам бозиҳои интихобӣ анҷом медиҳанд ва баъдан бо дастаи панҷуми минтақаи Амрикои Ҷанубӣ рақобат мекунанд.

Дастаҳои мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, Урдун, Умон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянмар, Баҳрайн ва Афғонистон дар марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли 2017 баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳамроҳи даҳ дастаи дигар дар бозиҳои плей-офф барои баромадан ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ширкат мекунад. Қуръакашии ин марҳалаи мусобиқот 7 апрел дар Куала-Лумпури Малайзия доир хоҳад шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон бар асоси қуръакашии марҳалаи аввали плей-офф ба сабати 1 ҳамроҳи Тайван, Молдив, Малайзия ва Лаос дохил шудааст. Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон метавонад яке аз дастаҳои сабади 2 – Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш ё Камбоҷа - гардад.

Дар марҳалаи аввали плей-офф 10 дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳалаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон бозии аввалро дар даври плей-офф 2 июн дар Душанбе, бозии ҷавобиро бошад, 7 июн дар меҳмонӣ анҷом медиҳад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шонси ба марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳалаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳала се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳалаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳалаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Аз 11 дастаи марҳалаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳалаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳала аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.

Ҷоми Осиё-2019

Ширкаткунандагони марҳалаи ниҳоии мусобиқот – Австралия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Қатар, Чин, Эрон, Ҷопон, Сурия, Тайланд, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Узбакистон.

Ширкаткунандагон марҳалаи гурӯҳии сабқати интихобӣ – Кореяи Шимолӣ, Урдун, Умон, Лубнон, Фаластин, Қирғизистон, Ҳонконг, Туркманистон, Сингапур, Ветнам, Кувайт, Филиппин, Гуам, Мянмар, Баҳрайн, Афғонистон.

Ширкаткунандагони марҳалаи плей-офф – Тоҷикистон, Тайвай, Молдив, Малайзия, Лаос, Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш, Камбоҷа, Бутан.

Тақсимоти дастаҳо ба сабадҳо пеш аз марҳалаи қуръакашии плей-офф:

Сабади 1: Тоҷикистон, Тайван, Молдив, Малайзия, Лаос.

Сабади 2: Ҳиндустон, Яман, Тимори Шарқӣ, Бангладеш, Камбоҷа.

Бозиҳои аввал 2 июн, бозиҳои ҷавобӣ 7 июн баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG