Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

118 000 қирғизистонӣ ба "рӯйхати сиёҳ" афтодаанд


Дар оғози соли 2016 дар "рӯйхати сиёҳи" Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия (ХФМ) 118 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон боқӣ мондаанд. Ба иттилои Хадамоти давлатии муҳоҷират, ба онҳо вуруд ба қаламрави Русия манъ ва ё маҳдуд карда шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, то ҳоло 1 487 шаҳрванди Қирғизистон, ки вурудашон муваққатан ба қаламрави Русия маҳдуд карда шудааст, барои бозбинии чунин амр ариза навиштаанд. Ин аризаҳо дар баррасии ХФМ Русия қарор доранд.

Тибқи қарордоди президентҳои Русия ва Қирғизистон дар моҳи июни соли 2015, ки аз тарафи ниҳодҳои дахлдори ду кишвар тасвиб шудааст, шаҳрвандони қирғизи ба ин "рӯйхати сиёҳ" воридшуда, мебоист то 1-уми ноябр афв мешуданд. Аммо Русия тасмим гирифт, ин афвро то замони номуайян тамдид кунад.

Бино бар омори ғайрирасмӣ, дар Русия қариб як миллион шаҳрванди Қирғизистон машғули кор аст ва ҳузури наздик ба ними онҳо дар он кишвар ғайриқонунист.

XS
SM
MD
LG