Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нозирони муҳоҷират" дар кӯчаҳои Маскав


Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар кӯчаҳои атрофи истгоҳҳои метрои пойтахти ин кишвар муҳоҷирони ғайриқонуниро ҷустуҷӯ мекунад. Назорат тавассути мошинҳое мешавад, ки бо таҷҳизоти махсус муҷҷаҳаз буда, бо ёрии онҳо асноди шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бозрасӣ мешавад.

Дар хадамоти матбуотии ХФМ шарҳ доданд, ки вазифаи асосии нозирони муҳоҷират маънидод кардани муқаррароти қонунгузории Русия ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳост.

Ин манбаъ инчунин зикр кард, ки бо туфайли ин навоварӣ шаҳрвандони хориҷӣ имкон пайдо мекунанд, мустақим бо намояндаҳои хадамоти муҳоҷират сӯҳбат карда, аз "шахси масъул" ба саволҳои худ посух гиранд. Аз ҷумла, онҳо метавонанд дар бораи таҳияи муҷҷавиз дар марказҳои муҳоҷиратии Москва, вилояти Москва ва тамдиди сабти иқомат дар Русия иттилоъ пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG