Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусе, ки барои фирор ва таҷовуз ҳабси абад шуд, даргузашт


Намозалӣ Сатторов.
Намозалӣ Сатторов.

Маҳбусе, ки барои фирор аз маҳбас ва таҷовузи як духтари 5-сола ҳукми абад гирифта буд, аз сактаи қалб даргузаштааст.

Намозалӣ Сатторов, маҳбуси 27-сола, ки соли гузашта барои фирор аз маҳбас ва таҷовуз ба номуси як духтарчаи 5-сола ҳукми абад гирифта буд, гуфта мешавад, пас аз муносибати сард аз ҷониби дигар зиндониён дар боздоштгоҳи рақами 1, даргузаштааст.

Ба гуфтаи як манбаи Радиои Озодӣ дар Раёсати ислоҳии маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, пас аз содир кардани ин ҷиноят ва ҳангоми дубора зиндонӣ шудан, маҳбусони дигар бо ӯ барои таҷовуз ба номуси духтари 5-сола, бо нафрат менигаристанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, касе бо ӯ бадрафторӣ накарда бошад ҳам, аммо дар пайи муносибати сарди зиндониён, ин маҳбус ҳамеша дар танҳоӣ буда, билохира ба бемории дил гирифтор шудааст.

"Вай дар маҳбас ягон дӯст надошт. Зиндониён ба ӯ нафрат мекарданд. Ин кирдорашро маҳкум мекарданд. Ин омилҳо фикр мекунам, ки ба вазъи сиҳатии ӯ таъсири бад расонд ва ҳафтаи гузашта даргузашт," -гуфт ӯ.

Марги ин маҳбус дар ҳолест, ки 26 ноябри соли 2014 додгоҳи вилояти Хатлон Намозалӣ Сатторовро тибқи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳкор дониста, талаби додситонӣ дар мавриди ҳукми абад додан ба ӯро пурра қонеъ кард.

Сатторов Намозалӣ моҳи сентябри соли 2014 аз зиндони воқеъ дар ноҳияи Ваҳдат фирор карда, дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо зане, ки бо ду кӯдаки хурдсол аз шавҳар ҷудо шуда буд, ошноӣ пайдо мекунад.

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, “ин зан, ки аз шавҳараш бо ду кӯдак ҷудо шуда будааст, дархости ин ҷавон барои зиндагии муштарак қабул мекунад, аммо Сатторов пеш аз Иди Қурбон бо баҳонаи ба тартиб даровардани мӯйи сари духтари 5-солаи ин зан ва писари 3-сола, онҳоро аз хона берун мебарад. Писарро назди сартарош гузошта, духтарро ба ноҳияи Рӯдакӣ оварда, дар миёни киштзоре ба номусаш таҷовуз мекунад.”

Пас аз як рӯзи нопадид шудан, духтари 5-соларо сокинон аз миёни киштзор дар ҳоли беҳушӣ пайдо карда, ба мақомот хабар додаанд. Ин кӯдаки панҷсола дар ҳолати вазнин қарор дошта, танҳо пас аз табобати семоҳа ба худ меояд.

Ҳамаи кирдорҳои ӯро додгоҳ бар асоси моддаҳои 365 қисми 1(гурехтан аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ), 130 қисми 3, банди б (рабудани кӯдаки ноболиғ бо мақсадҳои шаҳвонӣ), 138 қисми 3 ( таҷовуз ба номуси ноболиғ), 139 қисми 4 (ҳаракати зӯроварии хусусияти шаҳвонидошта нисбат ба ноболиғ)- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ кардааст.

Қазияи таҷовуз ба номуси як духтари 5-сола аз сӯи маҳбусе, ки аз зиндон фирор кардааст, он замон дар ҷомиаи Тоҷикистон сару садои зиёде ба по карда буд. Дар баҳсҳои интернетӣ ва дар сӯҳбатҳои мардум аксар талаб доштанд, ки чунин афродро бояд ҳукми қатл бидиҳанд.

Аммо азбаски дар Тоҷикистон судури ҳукми қатл таҳти мораторий қарор дорад, ба унвони ҷазои олӣ тайи дастикам 10 соли охир ҳабси абад истифода мешавад, ки додгоҳи вилояти Хатлон Намозалӣ Сатторовро ба чунин ҷазои олӣ маҳкум карда буд.

XS
SM
MD
LG