Пайвандҳои дастрасӣ

Дар деҳаи Сабзазори ноҳияи Тоҷикобод мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, ки бо сармояи давлати Ҷопон бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳусейн Ализода, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва дар маросими ифтитоҳи мактаб Ю. Ишикава, раҳбари бахши равобити ҷамъиятии ин сафорат ширкат кардаанд.

Мактаби нави рақами 15-и деҳаи Сабзазор дорои панҷ синфхона ва як утоқи муаллимон буда ва бо маблағи ҳудуди 100 ҳазор доллари амрикоӣ бунёд шудааст.

Ҳамкориҳои давлати Ҷопон бо Тоҷикистон аз соли 1996 шурӯъ шуда ва то ҳол ин кишвар дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, таъмин бо оби нӯшокӣ ва муҳити зист 352 тарҳро бо маблағи умумии 28,5 миллион доллари амрикоӣ дар маърази иҷро гузоштааст.

XS
SM
MD
LG