Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ хостори ҳали муноқишаи Қарабоғ шуд


Илҳом Алиев ва Ҷон Керрӣ
Илҳом Алиев ва Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико хост, ки ба муноқишаи ду даҳсолаи миёни Озарбойҷону Арманистон бар сари Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба таври ҳатмӣ хотима дода шавад.

Ҷон Керрӣ ин нуктаро 30 март дар Вашингтон дар ҷараёни мулоқот бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон изҳор дошт. Илҳом Алиев барои ширкат дар мулоқоти ҳастаии раҳбарон дар Вашингтон қарор дорад.

Алиев барои талошҳои Амрико дар ҳали муноқишаи Қарабоғи Кӯҳистонӣ ба Амрико изҳори сипос кард, вале гуфт, ки ин масъала танҳо тавассути қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ метавонад ҳал шавад ва ин қатънома бояд “бидуни шарту шароит хуруҷи нируҳои Арманистон аз қаламрави Озарбойҷонро талаб кунад”.

Баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ин муноқиша оғоз ёфт ва бо вуҷуди миёнравии Фаронсаву Русия ва Амрико он то ҳол ба таври ниҳоӣ ҳал нашудааст.

Қарабоғи Кӯҳистонӣ дар дохили Озарбойҷон аст, вале арманиҳо назорат бар онро дар ихтиёр доранд.

XS
SM
MD
LG