Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди Аврупо бо Қазоқистон эътбор пайдо мекунад


Иттиҳодияи Аврупо ва Қазоқистон ба нақша гирифтаанд, ки робитаҳои иқтисодии худро аз 1 май наздиктар кунанд. 1 май қарордоди ҳамкории ду ҷониб эътибор пайдо мекунад. Дар ин бора як намояндаи боломақом хабар дод. Музокирот дар бораи ҳамкориҳо моҳи декабр анҷом гирифта буд.

Қазоқистон мехоҳад ҳам бо Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам бо Русия муносибати хуб дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки муносибатҳои Маскав бо ҷаҳони Ғарб барои бӯҳрони Украина бад шудааст. Иқтисоди Қазоқистон аз бисёр ҷиҳат ба Русия вобаста аст.

Моҳи декабр қарордоди Қазоқистон бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи густариши муносибатҳои иқтисодӣ ҳатто дар шароите имзо шуд, ки Нурсултон Назарбоев дар Маскав бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мулоқот карда буд.

Доналд Туск-раиси Иттиҳодияи Аврупо 30 март дар Брусел ба Нурсултон Назарбоев гуфт, ки қарордоди ҷонибҳо 1 май эътибор пайдо мекунад.

XS
SM
MD
LG