Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навоз Шариф сафараш ба Амрикоро бекор кард


Навоз Шариф

Навоз Шариф

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон баъд аз бамгузории рӯзи Иди Поки масеҳиён дар Лоҳур, ки дар он 70 нафар кушта шуд, боздидаш аз Амрикоро бекор кардааст. Дар ин бора 30 март Кохи Сафеди Амрико хабар дод.

Навоз Шариф ба нақша гирифта буд, ки дар Вашингтон дар мулоқоти Обама роҷеъ ба амнияти ҳастаӣ дар охири ҳафтаи ҷорӣ ширкат ҷӯяд.

Баъд аз гуфтугӯи телефонии Обама ва Шариф дар 27 март Кохи Сафед гуфт, “президент Обама изҳор дошт, ки баъд аз ҳамлаи террористии Покистон тасмими Навоз Шарифро дар бораи бекор кардани сафар дарк мекунад”.

Обама дар робита бо ин ҳамлаи ваҳшатбор ҳамдардии худро изҳор доштааст. Аксари қурбониёни ин ҳамла занону кӯдакон буданд, ки дар Чаҳорбоғи Лоҳур Иди Поки масеҳиёнро баргузор мекарданд.

XS
SM
MD
LG