Пайвандҳои дастрасӣ

Дариға манъи дастгоҳҳои хурди электрониро шарҳ дод


Муовини нахуствазири Қазоқистон Дариға Назарбоева дар як нишасти хабарӣ дар Остона гуфт, ки манъи истифода аз телефонҳои ҳамроҳ ва таҷҳизоти хурди электронӣ дар корхонаҳои давлатӣ ба хабарнигорон дахл надорад. Вай зикр кард, ки ин маҳдудият ба ҳамаи кормандони давлатӣ бо шумули раҳбарони боломақом дахл дорад.

- Ин фармон асосан ба кормандони давлатӣ ва раҳбарикунанда равона шудааст. Ба ин сабаб манъи ворид кардани таҷҳизоти хурди электронӣ аз тарафи хабарнигорон дар биноҳои мақомоти маҳаллӣ сӯистифода аз мақоми хидматӣ аст ва ба моҳияти ин фармон алоқае надорад, - таъкид кард вай.

Дар миёнаи моҳи ҷорӣ аз роҳандозии маҳдудият дар истифодаи таҷҳизоти пайвастшуда бо интернет ва дорои дурбинҳои аксбардорӣ ва наворбардорӣ хабарҳо чоп шуданд. Гузориш шуд, ки манъи истифода аз таҷҳизоти хурди электронӣ дар корхонаҳои давлатӣ ба “берун шудани иттилоъ” вобаста аст. Гуфта шуд, ки дар дохили бинои муассисаҳои давлатӣ истифода аз таҷҳизоти мобилии телефонӣ ва паёмакрасон иҷоза дода мешавад.

XS
SM
MD
LG