Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати мудофиаи ИМА ба ҷойгирсозии 4 ҳазор низомӣ дар чанд кишвари Аврупои Шарқӣ - Литва, Латвия, Эстония, Лаҳистон, Руминия ва Булғор омодагӣ мебинад.

Ҳамзамон дар ин кишварҳо 250 техникаи низомӣ - танк, зиреҳпӯшҳои "Брэдли" ва мошинҳои "Паладин" фиристода мешавад. Муовини вазири ИМА Роберт Уорк дар мусоҳиба бо расонаҳо гуфтааст, ки ин тасмим дар пайи шубҳаи ҳукуматҳои ин кишварҳо гирифта шудааст. Ҳукуматҳои ин кишварҳо аз он шубҳа кардаанд, ки дар сурати авҷ гирифтани талошҳои хушунатбори Русия Вашингтон омодаи ҳимоят аз онҳо нест.

Амалисозии нақшаи густариши ҳузури низомии Амрико дар шарқи Аврупо бояд моҳи феврали соли 2017 шуруъ шавад. То он замон ин нақшаро бояд Конгресси ИМА қабул кунад.

Пентагон нақшаи афзоиши харҷи кумакҳои низомӣ ба Аврупоро дар моҳи феврали имсол муаррифӣ карда буд. Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ, баъди он ки Русия Қримро ғасб кард, ба афзоиши нерӯҳои низомӣ дар Аврупои Шарқӣ пардохтааст.

XS
SM
MD
LG