Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳар яке аз ду сокини ин минтақаро ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни Салафия, барои 5-солӣ равонаи зиндон кард. Маҳмадсаид Ватаниеви 39-сола ва Ҷамшед Раҳматуллоеви 36-сола -- сокинони деҳаи Ҳилолии ҷамоати деҳоти "Дӯстӣ" дар моҳи октябри соли гузашта боздошт шуда буданд.

Рустам Мирзоев, раиси додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рӯзи 31 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду нафар тибқи модаи 198, қисми ду, банди “г”, яъне "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ" муттаҳам дониста мешаванд ва ҳукми додгоҳ дар нисбати онҳо ҳамакнун ба ҳолати иҷро даромадааст.

Ба гуфтаи Рустам Мирзоев, тарзи намозхонии ин ду нафар аз дигарон фарқ мекардааст ва дар масҷид аз шеваи намозгузории дигар ҳамсафонашон эрод мегирифтанд. Ҳамчунин ба гуфтаи раиси додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ин ду нафар зиёрати қабристон ва дуо хонда дар манзилгоҳро ғайри муҷоз медонистаанд.

Ин дар ҳолест, ки додгоҳи вилояти Хатлон мегӯяд, парвандаи боз шаш нафар аз сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба ҷурми салафӣ будан боздошт шудаанд, дар дасти баррасӣ қарор дорад. Тибқи гузориши ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар се моҳи ахир ҳудуди 10 нафар аз сокинони ин ноҳия аз сӯи мақомоти амниятӣ ба иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни Салафия боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG