Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони молӣ ба кам шудани теъдоди арӯсиҳо дар Тоҷикистон сабаб шуда, тӯйҳои як замон бодабдабаи сокинон дар тарабхонаҳоро ба хонаҳо ва маҳфили хурди наздикон кӯчондааст.

Дар пайи бӯҳрони иқтисодӣ издивоҷи навхонадорон низ дар Тоҷикистон камтар шуда ва онҳое, ки пештар маросими хонадоршавиашонро дар тарабхонаҳои гаронбаҳо дар пойтахт ва манотиқи дигари кишвар таҷлил мекарданд, ҳоло бо баргузории як маросими кӯчак дар манзилашон иктифо мекунанд.

Абдурасул Абдуллоевро дар Хонаи ақди никоҳи Душанбе пайдо кардем, ки барои дархости ақди никоҳ омадааст. Ӯ гуфт, ният дошт, ки соли гузашта издивоҷ бикунад, аммо ба далели буҳрони молӣ натавонист. Ҳоло барои бори севум ба идораи ЗАГС омада, ариза менависад ва умед дорад, ки ин дафъа тамоми мушкилҳои молиаш ҳал шудаанд ва издивоҷаш сурат хоҳад гирифт.

Абдурасул мегӯяд, дар муддати якуним сол дар варзиши набарди бидуни қоида иштирок карда, барои тӯяш маблағ ҷамъоварӣ кардааст. Пайвандонаш низ ба ӯ кумак кардаанд.

Рӯзе, ки мо ба Хонаи ақди никоҳи Душанбе рафта будем, танҳо чор издивоҷ сабт шуд, ки ду ҷуфт арӯсияшонро дар атрабхона мегузаронанд. Яке аз домодҳо дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки аммо ӯву ҳамсари ояндааш баъд аз адои ақди никоҳи расмӣ ба хона рафта, дар канори наздикон ин маросимро таҷлил хоҳанд кард. “Имкони таҷлил дар ресторан нест. Ҳоло бӯҳрон аст,” – гуфт ӯ.

Пайвандони домод мегӯянд, ки барои маросими арӯсӣ дар тарабхона пули зиёд лозим аст. Беҳтар аст, ки ин маблағ дар ихтиёри навхонадорон гузошта шавад, то онҳо барои камбудҳои рӯзгорашон харҷ кунанд. Зеро ҳоло ба даст овардани маблағ душвор шудааст.

Коршиносон далели коҳиши никоҳ аз як сӯ ва чандон пурдабдаба набудани баъзе арӯсиҳо дар Тоҷикистонро ба бӯҳрони молӣ рабт медиҳанд. Қаблан беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафта ба хонаводаи худ маблағи зиёд мефиристоданд. Дар солҳои ахир мизони интиқоли пул аз муҳоҷирони тоҷик ба ватан ҷиддан коҳиш ёфтааст. Теъдоди зиёди муҳоҷирон ба иллати бӯҳрон аз Русия ба ватан бозгаштаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, мудофеи ҳуқуқи инсон, мегӯяд, “барои ҷавонони муҳоҷир издивоҷ кори мушкил шудааст.Теъдоди зиёди муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шуда ва ҳаққи рафтан ба Русияро надоранд. Онҳое, ки дар Русия кор кардаанд, пули ночизе овардаанд."

Аз сӯйи дигар, ҳоло барои сабти ақди никоҳ санадҳои зиёд зарур шудааст. Агар қаблан барои ин кор танҳо шиноснома кофӣ буд, ҳоло маълумотнома дар бораи саломатӣ ва санад дар бораи хешованд набудани ҷуфт низ зарур аст.

Дар соли гузашта теъдоди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиён низ коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Раъно Насимова, раиси Хонаи ақди никоҳи Душанбе, дар соли гузашта 22 никоҳи атбои тоҷик бо хориҷиён сабт шудааст. Дар соли 2014 теъдоди ин гуна никоҳ 46 адад буд. Далелаш сахттар шудани муқаррароти ақди никоҳ аст. Аз ҷумла, тибқи ин муққаррарот шаҳрванди хориҷӣ бояд на камтар аз 1 сол дар худуди Тоҷикистон зиндагӣ карда ва ҳатман шартномаи издивоҷро имзо кунад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ба эҳтимоли зиёд дар оянда низ теъдоди ҷашнҳои арӯсӣ дар Тоҷикистон камтар бишаванд. Зеро, ба қавли онҳо, рӯшан нест, ки ин бӯҳрон кай поён хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG