Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти приставҳои вилояти Твери Русия мегӯянд, танҳо тайи ҳафтаи гузашта 20 муҳоҷири ғайриқонуниро аз ҳудуди ин вилоят ихроҷ карданд. 10 шаҳрованди Узбакистон, 8 муҳоҷир аз Тоҷикистон ва якнафарӣ аз Латвия ва Босния ҳар кадом барои 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум шудаанд. Додгоҳҳои Твер ин афродро ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор кардаанд.

Бино ба омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январ шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 331 ҳазору 391 нафар расида буд. Аз аввали соли равон дар бораи ихроҷи боз даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни Русия гузориш шудааст.

XS
SM
MD
LG