Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Чоркӯҳ мегӯянд, ҳарчанд бо қирғизҳо дар масъалаи баҳрабардории муштарак аз регу шағалзори Исфара ба созиш расиданд, аммо ба гуфтаи онҳо ин баҳс "лахчаи зери хокистарро мемонад".

Сокинони ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, ки ҳарчанд сари баҳрабардории муштарак аз регу шағалзори лаби рӯди Исфара бо ҳамсояҳои қирғизашон ба созиш расиданд, аммо мушкили соҳибӣ ба ин кони рег мисли "лахчаи зери хокистар" боқӣ мондааст. Ин кони регу шағал дар соҳили рӯди Исфара, дар назди деҳаи Сомониён, ҷойгир аст.

Рӯзи 29 март ба он ҷо рафтем. Дар маҳалли шағалзор чанде аз сокинони Тоҷикистону Қирғизистон бо мошинҳои борбари худ ҳозир буданд ва ду трактор ба мошинҳо регу шағал бор мекард. Рӯди Исфара, ки дар ин фасл одатан сероб мешавад, имсол дар пайи боришоти кам дар он ҷо тамоман хушк буд.

Яке аз коргарон -- марди қирғиз, ки худро Халил муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки сокини ҷамоати Самарқандаки Қирғизистон аст ва ҳоло бо "Камаз"-аш барои қирғизҳо аз ин ҷо шағалу регу санг мекашонад. Ӯ афзуд, роҳи ин шағалзор ба рӯйи сокинони маҳалҳои қирғизнишин низ боз аст, вале барои ворид кардани трактору техникаи борбардори онҳо мушкил пеш меояд.

Халил гуфт, "ин ҷо ҳанӯз хатти марз муайян нашудааст. Мо ҳам мехостем тракторҳои худро оварда, регу шағал бор кунем, аммо иҷозат надоданд. Ҳоло бо мошини худ мебиёем ва шағалу регро тракторҳои ҳамсояҳои тоҷикамон бор мекунанд."

Сокинони Исфара, ки дар шағалзор ҳозир буданд, ин нуктаро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки замину шағалзор аз қабл, бе баҳс ба онҳо тааллуқ дорад. Яке аз онҳо гуфт, "мо бе ягон мушкил ба мошинҳои қирғизҳои ҳамсоя низ шағалу регу санг бор карда медиҳем. Аммо ду рӯз пеш онҳо хостанд, ба ин ҷо тракторҳои худро биёранд, ки мо нагузоштем. Чунки мо фақат ҳамин як ҷои шағалгирӣ дорем, онҳо чанд ҷои дигар дар соҳили рӯди Исфара доранд, ки аз он ҷо фақат худашон мегиранд. Вақте ки ронандаҳои мо мераванд, иҷозат намедиҳанд. Ҳатто онҳоро барои вайрон кардани сарҳад боздошт мекунанд. Ин ҷо замини мо, ягона ҷои шағалгирамон аст, намехоҳем, ки аз дастамон равад."

Як қисмати 275-метрии роҳи Исфана - Ӯши Қирғизистон, ки Тоҷикистон соли 2005 барои 49 сол ба Қирғизистон иҷора дод, аз назди кони шағалу рег дар лаби рӯди Исфара мегузарад. Ин шоҳроҳ ду қисмати аз ҳам ҷудои Қирғизистонро мустақим бо ҳам пайваст мекунад. Вале сокинони Чоркӯҳи Исфара мегӯянд, баъд аз сохтмони ин роҳ, сокинони ин маҳали марзии Қирғизистон даъвои соҳибӣ ба канори роҳу шағалзори канори рӯди Исфараро доранд.

Дар тарафи шарқии рӯди Исфара деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кок-Тоши Қирғизистон воқеъ аст. Манзилҳои сокинони ин деҳаҳо мисли хонаҳои шоҳмот канори ҳам ҷойгиранд ва ин деҳаро ду тақсим кардан аз рӯи хонаҳои мардум, имкон надорад.

Дар канори шоҳроҳи Исфана-Ӯш танҳо навиштаи "Кок-Тош" ва дар наздикии пул "Ак суу" ва ба забони англисӣ "River Ak Suu" дида мешавад. Ин навиштаро Қирғизистон ба наздикӣ насб кардаст.

Додохон Мадалиев, котиби ҷамоати Чоркӯҳи Исфара мегӯяд, иваз кардани номи ин рӯд, ки то кунун дар харитаҳо “Исфара” номида мешавад ва талош барои даровардани техникаи борбарбори худ ба шағалу регзори канори ин рӯд аз ҷониби Қирғизистон, аз талоши ин кишвар барои аз худ кардани канори роҳи замини иҷоравии 275-метрӣ аломат медиҳад. Ӯ гуфт, "мо барои он ба трактор даровардани онҳо монеъ шудем, ки фардо даъво накунанд он ҷо ҳам замини онҳост. Чунки он замин аз пеш ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Ин масъалаи баҳснок бояд дар сатҳи баландтар ҳал карда шавад."

Ин маҳалли марзӣ солҳои охир ба як ҷойи муноқишахези марзии байни Исфараву Бодканд табдил ёфта, сокинон сари истифода аз оби наҳр, роҳ ва ахиран соҳибӣ ба шағалзор, бо ҳам муноқиша мекунанд.

Тирамоҳи соли гузашта Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод кард 12 гектар замини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ -- ҷои шағалзори муноқишаангезро ба Қирғизистон диҳад ва бар иваз қирғизҳо низ ҳамин миқдор заминро, ки ба деҳаи Куктош тааллуқ дорад, ба Тоҷикистон медиҳад.

Вале сокинони Исфара мегӯянд, ин пешниҳодро қабул надоранд, зеро он гоҳ роҳи ягонаи деҳаи Хоҷаи Аъло, ки байни Чоркӯҳу Ворух ҷойгир аст, низ аз байн бурида шуда, эҳтимол дорад дар оянда мисли Ворух ба анклав ё ҷазирақаламрав табдил ёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG