Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қонуни пешгирӣ аз шиканҷаи боздоштшудаҳо


Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 30-марти худ тарҳи ислоҳот ба қонун “Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигаҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршуда ва судшаванда”-ро тасвиб кард. Бар пояи ин тағйирот, нигаҳ доштани гумонбаршудаҳо дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз се рӯз бештар иҷозат дода намешавад. Ислоҳоти ворида кормандони ҳифзи ҳуқуқро муваззаф мекунад, ки фавран боздоштшударо бо вакили дифоъ таъмин карда, сӯҳбати танҳо ба танҳои онҳоро муҳайё бикунанд. Бар асоси тағйирот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф шуданд, ки ба ҳангоми боздошти гумонбарҳо, пайвандони онҳоро дар ҷараён бигузоранд. Инчунин, дар протокол ному насаби корманди масъули мақомот навишта мешавад. Лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи кории Додситонии кулл, вазорати корҳои дохилӣ, Кумтаи давлатии амнияти миллӣ, вазорати адлия ва Шӯрои адлия таҳия шуда, қабули он аз будҷаи ҷумҳурӣ маблағгузории зиёдатиро талаб наменамояд.

XS
SM
MD
LG