Пайвандҳои дастрасӣ

Иван Шербаков ба Тоҷикистон оварда шуд


Иван Шербаков ҳамроҳи ҳамсараш

Иван Шербаков ҳамроҳи ҳамсараш

Иван Шербаков, афсари пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли духтари тоҷик Шоира Ҷобирова муттаҳам дониста мешавад, баъд аз ташхиси пурраи вазъи рӯҳиаш аз Екатеринбург ба Душанбе оварда шудааст. Мақомоти тафтишотии пойгоҳи Русия 30 март ба Озодӣ гуфтанд, ки акнун таҳқиқи парвандаи Шербаков дубора шурӯъ шудааст.

Додгоҳи рақами 109-и пойгоҳи ҳарбии Русия дар Тоҷикистон нисбат ба Иван Шербаков бар асоси моддаи 105, қисми 1-и қонуни ҷиноии Русия - "куштори барқасдона" - айби пешакӣ эълон кардааст. Ташхиси вазъи равонии Иван Шербаков тақрибан панҷ моҳ идома кард ва беморхонаи рӯҳии Екатеринбург вазъи ӯро мусбат баҳо дода, зикр кардааст, ки Шербаков мушкили равонӣ надорад.

Наврӯз Султонов, аз наздикони Шоира Ҷобирова, ба Озодӣ гуфт, мақомоти додгоҳи рақами 109-и Русия модар ва дигар наздиконашонро даъват намуда, ба онҳо асноди тафтишотӣ дар иртибот ба саломатии Шербаков ва даст доштани ӯ дар куштори Шоира шинос кардаанд. Ӯ гуфт, “тавре дар санадҳои тафтишотӣ зикр шудааст, таҳқиқи нохун ва либосҳои Иван Шербаков нишон додаанд, ки худаш танҳо Шоираро ба қатл расондааст.”

Наздикони Шоира Ҷобирова ҷасади ӯро субҳи 11 ноябри соли 2015 аз бинои бемористони низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дастрас карданд. Онҳо гуфтанд, дар бадани Шоира пайи латту кӯбро мушоҳида кардаанд.

Дар пайи ин хабар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Русия дар Душанбе Игор Лякин-Фролов ёддошти расмӣ супурд, ки дар он аз ҷониби Маскав хоста шудааст, аз такрори чунин амали сарбозонаш дар кишвар ҷилавгирӣ намояд.

XS
SM
MD
LG