Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои таркиш дар Покистон 5000 нафарро боздошт кардаанд


Вазири аёлати Панҷоби Покистон мегӯяд, ки баъд аз бамгузории маргталабона дар Чаҳорбоғи Лоҳур дар рӯзи Иди Поки масеҳиён бештар аз 5 ҳазор нафари машкук ба тундравҳоро ҷамъ кардаанд. Дар бамгузории Лоҳур 70 нафар кушта шуда буданд.

Раъно Саноуллоҳ-вазири аёлати Панҷоб 29 март гуфт, бозрасон баъдтар ҳамаро раҳо намудаанд, вале 216 нафари гумонбар ҳанӯз ҳам дар боздошт мебошанд.

Саноуллоҳ гуфт, амалиёти боздоштро нируҳои муштараки пулис, нируҳои зиддитерроризм, агентҳои кашф анҷом додаанд ва дар оянда нируҳои артиш ва ниманизомиён низ дар чунин амалиёт ширкат хоҳанд кард.

Гурӯҳи тундрави Ҷамоат-ул-Аҳрор масъулияти бамгузории 27 мартро бар дӯш гирифт ва гуфт, ки дар рӯзи Иди Пок масеҳиёнро ҳадаф қарор додааст ва ҳушдор дод, ки чунин ҳамлаҳоро бештар хоҳанд кард.

Эҳсонуллоҳ Эҳсон-сухангӯи Толибон 29 март нахуствазир Навоз Шарифро ба боди интиқод гирифт. Вай гуфт: «Навоз Шариф бояд бидонад, ки ин ҷанг акнун ба зодгоҳи вай низ омадааст».

28 март Навоз Шариф зимни суханони телевизионии худ гуфт, ки таъқиби гурӯҳҳои тундравро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG