Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мағлубиятҳои пайиҳами дастаи мунтахаби Тоҷикистон вокунишҳои мухталифро миёни мутахассисону мухлисони футбол ба бор овардааст. Бештари онҳо аз шеваи бозии футболбозони тоҷик интиқод карданд.

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 30 март бо тасмими худ ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишварро ба истеъфо фиристодааст. Ба ин тартиб, Мубин Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб ҳамроҳ бо ёваронаш "бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон" дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 аз вазифаашон барканор шудаанд.

Дастаи Тоҷикистон дар ин марҳила дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Австралия ва Қирғизистон бозӣ анҷом дода, аз аввалӣ бо ҳисоби бузурги 0:7 ва аз дувумӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва дар мақоми чорум ҷой гирифт. Ин нокомиҳои пайдарпай, вокунишҳои мухталифро миёни мутахассисону мухлисони футбол ба бор овард. Аксари онҳо аз шеваи бозии футболбозони тоҷик интиқод карданд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, собиқ сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳоло сармураббии дастаи “Ҳосилот”-и Фархор мебошад, рӯзи 30 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.

Ҳабибуллоев афзуд, “бохти дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дирӯза аз тими миллии Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе моро хеле маъюс кард. Ман ҳамчун мутахассис ҳаминро гуфтаниам, аксари бозигароне, ки дирӯз бозӣ карданд, солҳои тӯлонист узви дастаи мунтахаби кишвар мебошанд. Ва аммо ман намегӯям, ки кадоме аз онҳо суст бозӣ кард. Барои дастаи мо ғалаба зарур буд. Вале, мутаассифона, бозиро бохтем.

Ба гуфтаи Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, дастаи мунтахаби Қирғизистон ҳам ҳайати он ва ҳам бозиаш ба куллӣ тағйир ёфтааст. Бисёр бозигарони он дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, ки таҷрибаи хуб касб кардаанд. Ба эътиқоди вай, солҳои пеш, 1994-1995 бисёр бозигарони ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар хориҷи кишвар бозӣ мекарданд, ба монанди Александр Муканин, Алиёр Ашӯрмамадов, Ораз Назаров, Одил Эргашев, Шӯҳрат Ҷабборов ва бисёр дигарон. Вале солҳои охир бошад, танҳо як нафар узви мунтахаби Тоҷикистон Фарҳод Восиев дар Русия бозӣ мекунад.

Оқои Ҳабибуллоев мегӯяд, ки "мо дар сабқати гурӯҳӣ танҳо як ғалаба, он ҳам бошад, бар дастаи Бангладеш ба даст овардем. Он натиҷае, ки Федератсияи футболи кишвар чашмдор буд, ба даст оварда нашуд, бинобар ин ба истеъфо фиристодани ситоди мураббиён дуруст аст."

Ба назари ин мутахассиси футболи тоҷик, баъди истеъфои Мӯҳсин Муҳаммадиев аз вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон бо хоҳиши худ Мубин Эргашев иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд. Ӯ ҳамзамон сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошад, ки дар ду вазифа кор кардан мушкил аст. Зеро “Истиқлол” ҳам дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ширкат дорад: "Ман мехоҳам, ки Мубин Эргашев ҳарчи тезтар шифои комил ёбад ва дар вазифаи худ дар бошгоҳи “Истиқлол” вазифаашро идома бидиҳад."

Ӯ ҳамчун мураббӣ пешниҳод дорад, ки ҳайати мунтахаби кишвар бояд 70-80 дар сад иваз карда шавад, зеро феълан дар ҳайати даста бозигароне ҳастанд, ки 10-15 сол бозӣ мекунанд ва синашон ҳам ба ҷое расидааст. Бинобар ин, бояд ба ҳайати даста бозигарони ҷавон роҳ ёбанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG