Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтари сиёсатмадори Русия Борис Немтсов - рӯзноманигор Жанна Немтсова барандаи ҷоизаи вазири корҳои хориҷаи Амрико бо номи International Women of Courage, ки ҳамасола ба занҳои ҷасури дунё дода мешавад, гардид.

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Теффта хабар медиҳад, ки Немтсова ба хотири нишон додани шуҷоат дар таҳқиқи парванди қатли падараш сазовори ин ҷоиза шудааст.

Борис Немтсов шаби 27 феврали соли 2015 дар маркази Москва кушта шуд. Тафтишот узви пешини дастаи "Север"-и Чеченистон Руслан Муҳиддиновро созмондиҳанда ва супоришгари ин куштор медонад. Наздикон ва ҳамсафони Немтсов мегӯянд, Муҳиддинов дар ин куштор айбор нест, балки роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар ин қатл даст дорад.

Жанна Немтсова борҳо ба такрор гуфт, ки қатли падари вай наметавонист "бе иҷозаи ҳукумати болоӣ" рух диҳад. Немтсова ҳамчунин тафтишоти расмӣ ва расонаҳои Русияро барои ҳадафмандона бадном кардани сиёсатмадори мухолиф танқид кард. Моҳи июни соли 2015 баъди таҳдидҳои зиёд Жанна Русияро тарк кард.

XS
SM
MD
LG