Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Прокурор хост, ҳукми Мамбеталин сабук шавад


Дар зинаи шикоятии додгоҳ дар Алмаатои Қазоқистон прокурор хост, ҳукми фаъоли ҷамъиятӣ Серикҷон Мамбеталин сабук шавад. Додситон аз додгоҳ хостааст, Мамбеталин 2 сол маҳдуд ва 3 сол аз машғул шудан ба фаъолияти ҷамъиятӣ маҳрум гардад.

Мамбеталин қаблан бо айби барангехтани адоват ба ду соли зиндон маҳкум шуд, аммо дар маҳбас набуд.

Додситон барои фаъоли дигари ҷамъиятӣ Ермек Наримбоев, ки бо ҳамин айб маҳкум шудааст, тағйире дархост какард. Наримбоев ба 3 соли зиндон ва маҳрумият аз ҳамаи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум гашта буд.

Дар суханронии худ дар додгоҳ Наримбоев гуфт, айбномаро намепазирад ва аз додгоҳ тақозо дорад, ки парвандааш бекор ва худи ӯ озод карда шавад.

Серикҷон Мамбеталин ва Ермек Наримбоев 22 январи соли ҷорӣ бо айби барангехтани адоват зиндонӣ шуданд. Ин ду фаъоли ҷамъиятӣ дар шабакаи иҷтимоӣ пораҳое аз китоби "Шамоли кӯча"-ро нашр карданд. Додгоҳ гуфт, онҳо бо ин кор "ба миллати қазоқ тавҳин кардаанд". Фавран баъди қироати ҳукм, ин ду фаъоли ҷамъиятӣ расман аз кардаашон "пушаймон" шуданд ва аз зиндон ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG