Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои зидди шиканҷа ба зиндонбонҳои Ӯзбекистон


Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Amnesty International иқдоми ирсоли откритка ё руқъаро ба зиндонҳои Ӯзбекистон оғоз кард. Дар сомонаи махсуси ин иқдом ба корбарон пешниҳод шудааст ба зиндони УЯ 64/ИЗ-1 (Таштюрма), Боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллӣ дар Тошканд ва зиндони “Жаслик” дар Қарақалпоқистон се шакли руқъаи электронӣ фиристанд.

Руқъаҳо ба забони русӣ ва ӯзбекӣ навишта шуда, дар онҳо аз раҳбарияти ин муассисаҳо даъват шудааст, ки аз истифодаи шиканҷа даст кашанд ва барои зиндониён шароити инсонӣ фароҳам кунанд. Хоҳишмандони ширкат дар ин иқдом метавонанд ҳар яке аз ин руқъаро чоп карда, зери матн исми худро гузоранд ва онро ба Ӯзбекистоно ирсол кунанд.

Ташкилкунандаҳои ин иқдом иддао доранд, ки шиканҷа ва намудҳои дигари муносибати бераҳмона дар низоми ҷазои Ӯзбекистон доимӣ аст. Барои намуна, дар сомона қиссаҳои зиндониёни собиқ ва хешовандони онҳо дар бораи шиканҷа дар зиндонҳо ҷой дода шудааст.

Ба иттилои Amnesty International, ниҳодҳои қудратии Ӯзбекистон аз шиканҷа на танҳо барои гирифтани баёноти зарурӣ, балкӣ барои ҷазодиҳӣ ва ришваситонӣ низ истифода мекунанд.

Дар солҳои 2010-2013 ба додгоҳҳои Ӯзбекистон 236 шикоят аз истифодаи шиканҷа аз тарафи маъмурони ниҳодҳои интизомӣ ворид шудааст. Вале танҳо 11 корманди милиса ба ҷавобгарӣ ҷалб шуд.

XS
SM
MD
LG